Бо ибтикори раҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ миёни ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол» ва дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозии дӯстона баргузор мегардад.
Сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин вохӯрӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 20 апрел доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, чорабиниҳои марказӣ бахшида ба ҷашни 19-умин солгарди ба сулҳу ризоият расидани тоҷикон, ки ҳамасола санаи 27 июн ҳамчун рӯзи Вадати миллӣ таҷлил мегардад, соли ҷорӣ дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баргузор мешаванд.
Ҳанӯз моҳи январи соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии ВМКБ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани ин ҷашн дастуру супоришҳо дода буд.



