«Истиқлол» дар Хоруғ бозии дӯстона баргузор мекунад

Бо ибтикори раҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ миёни ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол» ва дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозии дӯстона баргузор мегардад. Сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин вохӯрӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати […]

ASIA-Plus



Бо ибтикори раҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ миёни ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол» ва дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозии дӯстона баргузор мегардад.

Сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин вохӯрӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 20 апрел доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, чорабиниҳои марказӣ бахшида ба ҷашни 19-умин солгарди ба сулҳу ризоият расидани тоҷикон, ки ҳамасола санаи 27 июн ҳамчун рӯзи Вадати миллӣ таҷлил мегардад, соли ҷорӣ дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баргузор мешаванд.

Ҳанӯз моҳи январи соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии ВМКБ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани ин ҷашн дастуру супоришҳо дода буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.