Душанбе Рӯзи пойтахтро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирад

Пагоҳ, 16 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар дод, чорабиниҳои ҷашнӣ соати 09-00-и субҳ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо оғози Ниммарафони VII байнулмилалии Душанбе оғоз мегарданд. «Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардида, […]



Пагоҳ, 16 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар дод, чорабиниҳои ҷашнӣ соати 09-00-и субҳ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо оғози Ниммарафони VII байнулмилалии Душанбе оғоз мегарданд.

«Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардида, мақоми арзандаро касб кардааст. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик, чун анъана намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки барои ғолибони ниммарафон ҳам миёни занон ва ҳам дар байни мардон, ки ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 11 ҳазору 790 сомонӣ барои ҷойи 6-ум то 27 ҳазору 510 сомонӣ барои ҷойи 1-ум мукофотпулиҳо тақдим карда мешаванд.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Субҳи рӯзи 16 апрел дар боғҳои фарҳангу истироҳати Дӯстии халқҳо, Боғи Рӯдакӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскави пойтахт сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр баргузор шуда, дар Қасри теннис соати 11-00 мусобиқаи теннисбозон барои дарёфти Ҷоми шаҳр шурӯъ мешавад.

Дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» маҷлиси тантанавӣ доир гардида, ғолибони озмунҳои ба ин муносибат эълоншуда ва ғолибони ниммарафон бо мукофотпуливу туҳфаҳои мақомоти шаҳрӣ қадрдонӣ мешаванд.

Шомгоҳони ҳамин рӯз дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи устод Рӯдакӣ консерти идонаи устодони санъати ҷумҳурӣ барпо мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.