Эътимодномаи намояндаи доимии Тоҷикистон ба президенти Шӯрои ИА

Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода эътимодномаи худро ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Доналд Туск сараввал мулоқоти ахири худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри […]

ASIA-Plus



Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода эътимодномаи худро ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Доналд Туск сараввал мулоқоти ахири худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Брюссел бо хушҳоливу гармӣ ёдовар шуда, сипас Сафирро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрику таҳният намуд ва ба ӯ зимни иҷрои рисолати дипломатиаш комёбиҳо таманно намуд.

Дар рафти мулоқот, ки дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки минбаъд низ барои таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳа иқдом хоҳанд кард. Ҳамкории муассири тарафайн дар масоили таъмини амният, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир дар сархати ин ҳамкориҳо қарор хоҳад дошт.

Сафири навтаъини Тоҷикистон аз нақши мусбати барномаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаи Иттиҳоди Аврупо, чун БОМКА, КАДАП ва Барномаи индикативии бисёрсола ёдовар шуда, нисбати кӯмаки Бонки сармоягузории Аврупо, ки аз ниҳодҳои зертобеи Иттиҳод аст, ҷиҳати татбиқи пружаи муҳимтарини минтақавӣ CASA-1000 ибрози сипос намуд. Таъкид гардид, ки тавсеаи татбиқи чунин барномаҳои мутақобилан муфид ба нафъи сулҳу субот ва рушди устувор дар кулли минтақа низ хоҳад буд.

Дар охир, Сафир Эркинхон Раҳматуллозода таъкид намуд, ки мубодилаи сафарҳои расмӣ байни роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо уфуқҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.