Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯзи 17 апрел бо сафари 4-рӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи нахустин размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016», ки имрӯз дар машқгоҳҳои «Мағоб» ва «Лоҳур»-и назди Душанбе шурӯъ мешаванд, ширкат меварзад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.
Дар доираи СААД чунин тамрин барои аввалин бор доир гардида, раҳбарии умумӣ ба он ба дӯши сардори Раёсати иктишофи ҳарбӣ – муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ҳадаф аз размоиши муштарак такмили низоми ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард ва расониданп маълумоти иктишофӣ барои шикасти ҳариф, ҳамчунин санҷиши қобилияти мақомоти раёсати иктишофӣ дар роҳандозии амалиёт ва идоракунии амалии нерӯ ва воситаҳои тобеъ дар ҷараёни омодакунии амалиёти муштарак оид ба ҳимоя аз сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СААД мебошад.
Дар тамринҳо мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои навъҳои гуногуни иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ба ин машқҳо сафарбарии ҳудуди 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои авиатсия дар назар аст.



