Оғози нахустин размоиши нерӯҳои иктишофии СААД дар Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯзи 17 апрел бо сафари 4-рӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи нахустин размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016», ки имрӯз дар машқгоҳҳои «Мағоб» ва «Лоҳур»-и назди Душанбе шурӯъ мешаванд, ширкат меварзад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати […]

ASIA-Plus



Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯзи 17 апрел бо сафари 4-рӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи нахустин размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016», ки имрӯз дар машқгоҳҳои «Мағоб» ва «Лоҳур»-и назди Душанбе шурӯъ мешаванд, ширкат меварзад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Дар доираи СААД чунин тамрин барои аввалин бор доир гардида, раҳбарии умумӣ ба он ба дӯши сардори Раёсати иктишофи ҳарбӣ – муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вогузор шудааст.

Ҳадаф аз размоиши муштарак такмили низоми ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард ва расониданп маълумоти иктишофӣ барои шикасти ҳариф, ҳамчунин санҷиши қобилияти мақомоти раёсати иктишофӣ дар роҳандозии амалиёт ва идоракунии амалии нерӯ ва воситаҳои тобеъ дар ҷараёни омодакунии амалиёти муштарак оид ба ҳимоя аз сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СААД мебошад.

Дар тамринҳо мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои навъҳои гуногуни иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ба ин машқҳо сафарбарии ҳудуди 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои авиатсия дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.