Ш.Зуҳуров: Ман ҳамеша дастгирии президентро эҳсос мекунам

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ахири ҳафтаи гузашта (16 апрел) ба синни 62-солагӣ расид. Дар мусоҳибаи кӯтоҳе бо хабарнигори «Азия-Плюс» ӯ изҳор намуд, ки ҷонибдори устувори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслаки ӯст. «Ман муътақидам, ки сиёсати пешгирифтаи сулҳпарварона ва созандаи президенти мо кишварро ба шукуфоӣ мерасонад ва барои […]



Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ахири ҳафтаи гузашта (16 апрел) ба синни 62-солагӣ расид.

Дар мусоҳибаи кӯтоҳе бо хабарнигори «Азия-Плюс» ӯ изҳор намуд, ки ҷонибдори устувори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслаки ӯст.

«Ман муътақидам, ки сиёсати пешгирифтаи сулҳпарварона ва созандаи президенти мо кишварро ба шукуфоӣ мерасонад ва барои ин ба ҳамаи мо, мардуми Тоҷикистон атрофи Пешвои миллат муттаҳид шудан ва дар ин роҳи душвор қарзи шаҳрвандӣ назди Ватан, мардум ва президентро содиқона иҷро кардан зарур аст», – гуфт Зуҳуров.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳамчун сиёсатмадору роҳбари бахшҳои гуногуни кишвар ва шаҳрванди ҷумҳурӣ дар ҳама гуна кору иқдом ҳамеша дастгирии президентро, ки яке аз сиёсатмадори варзидаи ҷаҳони муосир аст, эҳсос мекунад.

«Назди кишвар, ҳукумат, парлумон ва мардуми мо вазифаҳои бузурги созандагӣ дар пешанд ва онҳоро мо дар ҳамдастӣ ва шароити сулҳу созиш иҷро карда метавонем», – қайд кард Ш.Зуҳуров.

Дар робита ба савол доир ба дар баъзе сарчашмаҳо 17 сентябр сабт шудани санаи зодрӯзаш, Ш.Зуҳуров посух дод, ки ӯ 16 апрел ба дунё омадааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.