Пешгирии қочоқи 30 ҳазор $ ба Чин



Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони прокуратураи нақлиёти кишвар аз ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари ИМА ҷилавгирӣ карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти хадамоти гумрук, зимни гузаронидани санҷиши такрории мусофирону бағочи хатсайри Душанбе – Урумчӣ (Чин) дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назди зинапояи ҳавопаймо дар кисаи мусофир А.Саидов 30 ҳазор доллари ИМА ошкор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ бо дастрасии моддаи 289, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Гуфта мешавад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон интиқоли асъори хориҷӣ то 3 ҳазор доллар иҷозат дода шуда, дар сурати аз ин бештар бо худ пул доштан ва ё фиристодан, бояд он ба расмиятдарории гумрукӣ (декларация) карда шавад ва мақсади интиқолу бо худ берун кардани пул мушаххас гуфта шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ин талабот барои шаҳрвандони хориҷӣ низ дахл дошта, онҳо низ ҳангоми кору фаъолият дар Тоҷикистон ин тартиботро бояд риоя кунанд.

spot_imgspot_img

Популярное