Ш.Зуҳуров: Ман ҳамеша дастгирии президентро эҳсос мекунам



Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ахири ҳафтаи гузашта (16 апрел) ба синни 62-солагӣ расид.

Дар мусоҳибаи кӯтоҳе бо хабарнигори «Азия-Плюс» ӯ изҳор намуд, ки ҷонибдори устувори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслаки ӯст.

«Ман муътақидам, ки сиёсати пешгирифтаи сулҳпарварона ва созандаи президенти мо кишварро ба шукуфоӣ мерасонад ва барои ин ба ҳамаи мо, мардуми Тоҷикистон атрофи Пешвои миллат муттаҳид шудан ва дар ин роҳи душвор қарзи шаҳрвандӣ назди Ватан, мардум ва президентро содиқона иҷро кардан зарур аст», – гуфт Зуҳуров.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳамчун сиёсатмадору роҳбари бахшҳои гуногуни кишвар ва шаҳрванди ҷумҳурӣ дар ҳама гуна кору иқдом ҳамеша дастгирии президентро, ки яке аз сиёсатмадори варзидаи ҷаҳони муосир аст, эҳсос мекунад.

«Назди кишвар, ҳукумат, парлумон ва мардуми мо вазифаҳои бузурги созандагӣ дар пешанд ва онҳоро мо дар ҳамдастӣ ва шароити сулҳу созиш иҷро карда метавонем», – қайд кард Ш.Зуҳуров.

Дар робита ба савол доир ба дар баъзе сарчашмаҳо 17 сентябр сабт шудани санаи зодрӯзаш, Ш.Зуҳуров посух дод, ки ӯ 16 апрел ба дунё омадааст.

spot_imgspot_img

Популярное