Ташрифи низомии воломақоми ИМА ба Тоҷикистон



Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Дарси Д. Роҷерс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард ва дар як қатор мулоқот бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, бо онҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятро матраҳ намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Ҷт иттилоъ доданд, дар рафти сафари худ, генерал-майор Роҷерс бо Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Памела Л. Спратлен, сафири ИМА дар Ӯзбекистон вохӯриҳо гузаронида, бо онҳо масъалаи ҳамкориҳои давомдори низомӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро бо қувваҳои махсуси Тоҷикистону Узбакистон матраҳ намуд.

Гуфта мешавад, генерал-майор Роҷерс, ҳамчунин, бо мақомдорони аршади низомии кишварҳо мулоқот намуда, аҳамияти идомаи ҳамкориҳо ва кӯмаки Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуд.

spot_imgspot_img

Популярное