«Истиқлол» бо «Локомотив»-и Маскав бозӣ мекунад



Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и пойтахт дар шаҳри Душанбе бо қаҳрамони дукаратаи Русия дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав вохӯрии дӯстона мегузаронад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», раҳбарияти ҳарду даста доир ба баргузор намудани бозии дӯстонаи байнулмилалӣ тавофуқ ҳосил кардаанд.

Тибқи созиши пешакӣ, вохӯрӣ баъди анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Русия тобистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Мувофиқи қарордоди ҳосилшуда, сармураббии дастаи «Локомотив», ҳамватани мо Игор Черевченко ҳайати омехтаи даста иборат ҳам аз бозингарони асосӣ ва ҳам аз тими ҷавононро ба Душанбе меорад. Дар бораи санаи баргузории вохӯрӣ ба таври иловагӣ маълумот дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан солҳои гуногун «Истиқлол» дар Душанбе бо тимҳои «Хассен-Кассел» ва «Шалке-04»-и Олмон, ҳамчунин «Газовик»-и шаҳри Оренбурги Русия бозиҳои дӯстона гузаронида буд.

spot_imgspot_img

Популярное