«Истиқлол» бо «Локомотив»-и Маскав бозӣ мекунад

Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и пойтахт дар шаҳри Душанбе бо қаҳрамони дукаратаи Русия дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав вохӯрии дӯстона мегузаронад. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», раҳбарияти ҳарду даста доир ба баргузор намудани бозии дӯстонаи байнулмилалӣ тавофуқ ҳосил кардаанд. Тибқи созиши пешакӣ, вохӯрӣ баъди анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Русия тобистон дар […]



Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и пойтахт дар шаҳри Душанбе бо қаҳрамони дукаратаи Русия дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав вохӯрии дӯстона мегузаронад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», раҳбарияти ҳарду даста доир ба баргузор намудани бозии дӯстонаи байнулмилалӣ тавофуқ ҳосил кардаанд.

Тибқи созиши пешакӣ, вохӯрӣ баъди анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Русия тобистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Мувофиқи қарордоди ҳосилшуда, сармураббии дастаи «Локомотив», ҳамватани мо Игор Черевченко ҳайати омехтаи даста иборат ҳам аз бозингарони асосӣ ва ҳам аз тими ҷавононро ба Душанбе меорад. Дар бораи санаи баргузории вохӯрӣ ба таври иловагӣ маълумот дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан солҳои гуногун «Истиқлол» дар Душанбе бо тимҳои «Хассен-Кассел» ва «Шалке-04»-и Олмон, ҳамчунин «Газовик»-и шаҳри Оренбурги Русия бозиҳои дӯстона гузаронида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.