Боздошти корманди дастгоҳи президент ҳангоми порагирӣ

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 апрел роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Сафизода Қадамҷон Исмати 34-соларо дар манзили зисташ ҳангоми порагирӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, то замони таъин ба вазифаи роҳбари маркази мазкур боздоштшуда ба ҳайси муовини сардори Хадамоти алоқаи назди […]



Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 апрел роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Сафизода Қадамҷон Исмати 34-соларо дар манзили зисташ ҳангоми порагирӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, то замони таъин ба вазифаи роҳбари маркази мазкур боздоштшуда ба ҳайси муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа мекардааст.

Ба ҷуз порагирӣ, боздоштшуда ҳамчунин ба ғайримақсаднок истифода бурдани воситаҳои буҷетӣ гумонбар дониста мешавад.

Сафизода ба ивази кумак барои бо кор таъмин шудан дар маркази таҳти сарвариаш қарордошта аз як шаҳрванд пора талаб кардааст.

Бо амри президенти Тоҷикистон аз 4 апрел Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президент бидуни зикри сабаб озод карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.