Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судии кишвар

Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомoти судии кишвар ва сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Садирзода Нусратулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуда, Гиёзода Исмон Қурбон раиси суди шаҳри Душанбе таъин ва аз вазифаи раиси […]



Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомoти судии кишвар ва сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Садирзода Нусратулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуда, Гиёзода Исмон Қурбон раиси суди шаҳри Душанбе таъин ва аз вазифаи раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Саидзода Гулбону Исуф раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Ваколати раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидраим Абдураҳим бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шуд.

Дар робита ба тағйироти кадрӣ дар мақомотӣ судӣ оид ба бозхонд ва интихоб ба вазифаҳои муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси коллегияи Ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зикриё ва Давлатзода Садриддин Хол муовинони Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.