Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Япония

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар Япония, ки ба талафоти ҷониву зиёни зиёди молӣ боис гардиданд, ба сарвазир ин кишвар Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки […]



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар Япония, ки ба талафоти ҷониву зиёни зиёди молӣ боис гардиданд, ба сарвазир ин кишвар Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам».

«Дар ин лаҳзаҳои сангин барои мардуми дӯсти Япония ҳамдардии амиқи инҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати  табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки бар асари силсилаи заминларзахо дар қисмати ҷанубу шарқи Япония на камтар аз 40 нафар ҳалок ва беш аз 2 ҳазор нафар сокинони ин кишвар осеб дида, зиёда аз 200 манзили зист хароб ё осеб диданд. Дар натиҷаи фаромадани ярч роҳу пулҳо низ хисорот бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.