Суғд: Ҳукми нахустин ба зани раҳсипор ба ҷанги Сурия



Суди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд зани 28-солаи маҳаллӣ Равшаной Мирхоҷаеваро дар нияти иштирок кардан дар низоъи мусаллаҳона дар Сурия гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Раиси суди шаҳри Гулистон, ҳамзамон раиси ин мурофиаи додгоҳӣ Наргис Ёдгорзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пештар дар фурудгоҳи шаҳри Минск ҳамсари Равшаной – Наврӯзшо Ғаллабонов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

«Моҳи декабри соли 2014 Ғаллабонов аз Беларус ба Туркия рафтанӣ буд, вале аз ҷониби мақомоти интизомии Минс боздошт ва ба ватан фиристода шуд. Моҳи феврали ҳамин сол суди шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ӯро дар нияти иштирок дар даргириҳои Сурия айбдор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум кард», – ибрз дошт судя.

Ба гуфтаи ӯ, Равшаной ва Наврӯзшо дар никоҳи мусалмонӣ қарор дошта, бо пешниҳоди бародари маҳкумшуда Зоиршо, ки айни замон дар Сурия қарор дорад, ба ҷангҳои Сурия рафтанӣ будаанд.

Тибқи маълумоти парванда, соли 2012  Равшаной дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Хуҷанд ба сифати раққоса кор мекардааст ва дар он ҷо бо Наврӯзшо шинос шуда, ҳамроҳ бо ӯ зиндагӣ мекунад. Сипас онҳо ба Русия рафта, сафар ба Сурияро тарҳрезӣ намудаанд.

Судя зикр кард, ки 19 декабри соли 2014 Равшаной Мирхоҷаева аз Душанбе ба Истамбул парвоз карданӣ будааст, вале дар бораи боздошти ҳамсараш дар Минс sms-паёмак гирифта, билети худро бозпас супурдааст.

Қаблан сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки тибқи маълумоти ахир, 285 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд (бо 24 ҳамсар ва 43 тифли худ, 16 писар ва 27 духтар) дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ҳузур дошта, 36 тан аз онҳо дар ҷангҳо ҳалок шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное