Суғд: Ҳукми нахустин ба зани раҳсипор ба ҷанги Сурия

Суди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд зани 28-солаи маҳаллӣ Равшаной Мирхоҷаеваро дар нияти иштирок кардан дар низоъи мусаллаҳона дар Сурия гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Раиси суди шаҳри Гулистон, ҳамзамон раиси ин мурофиаи додгоҳӣ Наргис Ёдгорзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пештар дар фурудгоҳи шаҳри Минск […]



Суди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд зани 28-солаи маҳаллӣ Равшаной Мирхоҷаеваро дар нияти иштирок кардан дар низоъи мусаллаҳона дар Сурия гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Раиси суди шаҳри Гулистон, ҳамзамон раиси ин мурофиаи додгоҳӣ Наргис Ёдгорзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пештар дар фурудгоҳи шаҳри Минск ҳамсари Равшаной – Наврӯзшо Ғаллабонов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

«Моҳи декабри соли 2014 Ғаллабонов аз Беларус ба Туркия рафтанӣ буд, вале аз ҷониби мақомоти интизомии Минс боздошт ва ба ватан фиристода шуд. Моҳи феврали ҳамин сол суди шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ӯро дар нияти иштирок дар даргириҳои Сурия айбдор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум кард», – ибрз дошт судя.

Ба гуфтаи ӯ, Равшаной ва Наврӯзшо дар никоҳи мусалмонӣ қарор дошта, бо пешниҳоди бародари маҳкумшуда Зоиршо, ки айни замон дар Сурия қарор дорад, ба ҷангҳои Сурия рафтанӣ будаанд.

Тибқи маълумоти парванда, соли 2012  Равшаной дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Хуҷанд ба сифати раққоса кор мекардааст ва дар он ҷо бо Наврӯзшо шинос шуда, ҳамроҳ бо ӯ зиндагӣ мекунад. Сипас онҳо ба Русия рафта, сафар ба Сурияро тарҳрезӣ намудаанд.

Судя зикр кард, ки 19 декабри соли 2014 Равшаной Мирхоҷаева аз Душанбе ба Истамбул парвоз карданӣ будааст, вале дар бораи боздошти ҳамсараш дар Минс sms-паёмак гирифта, билети худро бозпас супурдааст.

Қаблан сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки тибқи маълумоти ахир, 285 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд (бо 24 ҳамсар ва 43 тифли худ, 16 писар ва 27 духтар) дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ҳузур дошта, 36 тан аз онҳо дар ҷангҳо ҳалок шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.