Ҷавонон тариқи туризми дохилӣ муттаҳид мешаванд

Дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб имрӯз бо иштироки намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ як аксияи бузургмиқёс доир гардид. Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Кумитаи ҷавонон, варззиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ин робита изҳор намуд, ки ба аксияи асосии «Муттаҳидсозии ҷавонон тариқи туризми дохилӣ», ки дирӯз бо хатсайри Душанбе – Хоруғ […]



Дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб имрӯз бо иштироки намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ як аксияи бузургмиқёс доир гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Кумитаи ҷавонон, варззиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ин робита изҳор намуд, ки ба аксияи асосии «Муттаҳидсозии ҷавонон тариқи туризми дохилӣ», ки дирӯз бо хатсайри Душанбе – Хоруғ оғоз гардида, дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишини бузурги канори ин роҳ доир мегардад, дар Кӯлоб бо чорабиниҳои худ ҷавонони маҳаллӣ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд.

Аз ҷумла ҷавонони Кӯлоб ба дастгирии Пешвои миллат ва ҲХДТ ба пуштибонӣ аз раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи кишвар чорабиниҳо баргузор намуданд.

Ба гуфтаи А.Абдуллозода, аксияи ба ин монанд имрӯз дар маркази маъмурии ноҳияи Шӯрообод барпо мешавад. «Рӯйдоди асосии сафар ба Помир пагоҳ, 20 апрел шурӯъ аз вохӯрии дастаи ҷавонони футболи «Истиқлол» бо мунтахаби футболи Бадахшон дар Хоруғ ва шоми ҷавонон дар маркази маъмурии ВМКБ сурат мегирад», – иброз дошт ҳамсуҳбат.

А.Абдуллозода таъкид дошт, ки минбаъд ба рушди туризми дохилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд, зеро таҳқиқоти аз ҷониби Кумита суратгирифта нишон додаанд, ки ҷавонони кишвар назар ба рӯйдодҳои дохилӣ ҷумҳурӣ, аз рӯйдодҳои хориҷи кишвар бештар маълумот доранд. «Имрӯз мо ҳудуди 80 нафарро ҳамроҳ ба гурӯҳ гирифтем, ки натанҳо дар Помир, ҳатто ягон маротиба ба Кӯлоб ҳам сафар надоштаанд», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.