Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон базудӣ ҷинояти ҳамлаи роҳзанона ба шуъбаи ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Данғараро, ки субҳи 19 апрел содир шуда буд, ошкор намуданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа рӯзи 19 апрел шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо нияти тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ, ба дохили бинои ҶСК “Агроинвесбонк”-и ноҳияи Данғара даромада, муҳофизатчии бонки мазкур, милитсионери ШХДМ ШВКД ноҳияи Данғара, марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкурро 17-маротиба бо корд ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаааст. Корманди милитсия бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ин ҷиноятро ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Данғара содир намудааст. Ҷинояткор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст ва тафтишот дар ин самт давом дорад.





