Зимни як муноқиша дар Маскав миёни муҳоҷирони тоҷик ва гурӯҳи зодагони Қафқоз сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов ба ҳалокат расид.
Тавре котиби матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ дод, дар ин муноқиша боз як тоҷикистонӣ – Рӯзибек Самронов ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, айни замон Р.Самронов дар дармонгоҳи ба номи Склифосовский бистарӣ буда, кормандони сафорат ба аёдати ӯ рафтаанд. «Ба Самронов кумак ва муолиҷаи зарурии тиббӣ расонида мешавад», – гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки баъди вохӯрӣ бо мақомоти тафтишоти Русия маълум шудааст, ки ба гумони даст доштан дар ин муноқиша аллакай 2 нафар боздошт шудаанд.





