Оғози мотопойгаи «Мо тоҷиконем-2» дар Аврупо (АКСҲО)

Мотосиклронҳои тоҷик мотопойгаи байнулмилалии «Мо тоҷикон-2» дар Аврупоро оғоз мекунанд. Масофаи хатсайри онҳо 7 ҳазор километрро ташкил дода, зимни сафар иштирокчиёни пойга аз 12 кишвар ва 80 шаҳри Аврупо боздид хоҳанд кард. Президенти мотоклуби «Ирбис» Фарҳод Калонов ва Форис Нурмуҳаммедов ҳамроҳ бо ҳамсарони худ пойгаро бо парчами Тоҷикистон аз шаҳри Франкфурти Майн оғоз ва дар […]

Ромиш Иброҳимов


Мотосиклронҳои тоҷик мотопойгаи байнулмилалии «Мо тоҷикон-2» дар Аврупоро оғоз мекунанд.

Масофаи хатсайри онҳо 7 ҳазор километрро ташкил дода, зимни сафар иштирокчиёни пойга аз 12 кишвар ва 80 шаҳри Аврупо боздид хоҳанд кард.

Президенти мотоклуби «Ирбис» Фарҳод Калонов ва Форис Нурмуҳаммедов ҳамроҳ бо ҳамсарони худ пойгаро бо парчами Тоҷикистон аз шаҳри Франкфурти Майн оғоз ва дар муддати 26 рӯз анҷом медиҳанд.

«Мо хеле умедворем, ки ин иқдом ба афзоиши нуфузу имиҷи Тоҷикистон ва муттаҳид шудани кишварҳо ва мардуми гуногуне, ки қаламрави кишварашонро мо убур мекунем, мусоидат хоҳад кард», — гуфт созмондеҳ ва иштирокчии мотопойга Фарҳод Калонов.

Хатсайри  мотосиклронҳои тоҷик тариқи кишварҳои Олмон, Чехия, Словакия, Маҷористон (Венгрия), Словения, Хорватия, Италия, Франсия, Монако, Нидерланд ва Белгия мегузарад.

Соли гузашта мотосиклронҳои тоҷик чунин иқдоми ватандӯстонаи «Мо тоҷиконем»-ро лар 7 кишвари ИДМ доир намуда, он замон муддати 52 рӯз 13 ҳазор километр масофаро тай намуда буданд. Ба қавли Ф.Калонов, соли оянда баргузор намудани чунин мотопойга дар ИМА дар назар аст.

Сарпарасти кулли ин чорабинӣ ширкати сайёҳии VTT аст. Дар қаҳвахонаи Wild West-и пойтахт мотосиклронҳоро ба сафар гусел карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.