Баррасии масъалаи иштироки нозирони СҲШ дар раъйпурсии Тоҷикистон

Аз 19 то 22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода намояндагӣ дорад. Гуфта мешавад, дар рафти […]

ASIA-Plus



Аз 19 то 22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода намояндагӣ дорад.

Гуфта мешавад, дар рафти ҷаласаи зикршуда лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва мавзӯъҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаҳои дарпешистодаи мақомоти СҲШ, хусусан Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ, раванди музокирот оид ба қабули давлатҳои аъзои нав ба СҲШ ва дигар масъалаҳои рӯзмараи фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор доранд, аз ҷумла иштироки Миссияи нозирон аз СҲШ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” 22 майи соли 2016.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.