Сарвазир ба иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ дастур дод

Рӯзи 20 апрел дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар семоҳаи аввали соли равон машварати корӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар машварат доир ба вазъи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз ҷумла иқтисоду молия, андоз, кишоварзӣ, нақлиёт ва комуникатсия, инчунин соҳаҳои иҷтимоӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳисобот […]

АМИТ «Ховар»



Рӯзи 20 апрел дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар семоҳаи аввали соли равон машварати корӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар машварат доир ба вазъи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз ҷумла иқтисоду молия, андоз, кишоварзӣ, нақлиёт ва комуникатсия, инчунин соҳаҳои иҷтимоӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳисобот доданд.

Тавре таъкид шуд, новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 9,3 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши воқеии он нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта баробар ба 6,5 фоиз мебошад. Дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мутаносибан дар ҳаҷми 2,9 млрд. сомонӣ ва 1,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2015 нисбатан афзун мебошанд. Нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар се моҳ 94,4 фоизро ташкил медиҳад.

Сарвазири мамлакат вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои пурраи буҷети давлатӣ, нақшаҳои пардохти гумрукӣ ва андоз, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда, дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан дар деҳоти дурдасти мамлакат ва омодагии ҳаматарафа ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъули соҳаҳоро вазифадор намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.