Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону СБМ баррасӣ шуд



Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20 апрели соли 2016 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари нави Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Драган Алексоски доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ, амалисозии барномаву лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳои минбаъдаи созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ва масъулияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи иҷтимоии онҳо табодули назар карданд.

spot_imgspot_img

Популярное