Оғози мотопойгаи «Мо тоҷиконем-2» дар Аврупо (АКСҲО)


Мотосиклронҳои тоҷик мотопойгаи байнулмилалии «Мо тоҷикон-2» дар Аврупоро оғоз мекунанд.

Масофаи хатсайри онҳо 7 ҳазор километрро ташкил дода, зимни сафар иштирокчиёни пойга аз 12 кишвар ва 80 шаҳри Аврупо боздид хоҳанд кард.

Президенти мотоклуби «Ирбис» Фарҳод Калонов ва Форис Нурмуҳаммедов ҳамроҳ бо ҳамсарони худ пойгаро бо парчами Тоҷикистон аз шаҳри Франкфурти Майн оғоз ва дар муддати 26 рӯз анҷом медиҳанд.

«Мо хеле умедворем, ки ин иқдом ба афзоиши нуфузу имиҷи Тоҷикистон ва муттаҳид шудани кишварҳо ва мардуми гуногуне, ки қаламрави кишварашонро мо убур мекунем, мусоидат хоҳад кард», — гуфт созмондеҳ ва иштирокчии мотопойга Фарҳод Калонов.

Хатсайри  мотосиклронҳои тоҷик тариқи кишварҳои Олмон, Чехия, Словакия, Маҷористон (Венгрия), Словения, Хорватия, Италия, Франсия, Монако, Нидерланд ва Белгия мегузарад.

Соли гузашта мотосиклронҳои тоҷик чунин иқдоми ватандӯстонаи «Мо тоҷиконем»-ро лар 7 кишвари ИДМ доир намуда, он замон муддати 52 рӯз 13 ҳазор километр масофаро тай намуда буданд. Ба қавли Ф.Калонов, соли оянда баргузор намудани чунин мотопойга дар ИМА дар назар аст.

Сарпарасти кулли ин чорабинӣ ширкати сайёҳии VTT аст. Дар қаҳвахонаи Wild West-и пойтахт мотосиклронҳоро ба сафар гусел карданд.

spot_imgspot_img

Популярное