Семоҳаи аввали соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 874,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 9,5% ё худ 92 млн. доллар камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 480,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми содироти мол давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 196,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 17,6 млн. доллари ИМА ё худ 8,2% камтар аст.
Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 677,3 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 9,9% ё худ 74,4 млн. долллари ИМА камтар мебошад.
Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 91 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (беш аз 215 млн. $), Русия (ҳудуди 214 млн. $), Қазоқистон (наздики 140 млн. $), Туркия (зиёда аз 85 млн. $) ва Эрон (беш аз 26 млн. $) дониста шудаанд.



