Коҳиши назарраси истеҳсоли бензин дар Тоҷикистон



Семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 3 млрд. сомонӣ (беш аз 415 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд, ки ҳаҷми истеҳсол нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 13,1% афзудааст.

Дар Агентии омори назди президенти ҶТ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба зиёдшавии назарраси истихроҷи маводи энергетикӣ ва ғайриэнергетикӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, бо шумули нӯшокиҳо ва тамоку, маснӯот аз чарм, коркарди ҷуб ва маснӯот аз он, истеҳсолоти кимиёвӣ, маҳсулоти дигари ғайриметаллии минералӣ, истеҳсоли маснӯоти тайёри металлӣ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тӯли се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби коҳиши истеҳсоли бензин (21,2%), асфалт (19,9%) ва мазут (16%), ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба андозаи 10% поин рафтааст.

Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ низ қариб 2% – то каме бештар аз 4,4 млрд. кВт/соат кам шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное