Ҳабси сокини пойтахт барои қатли падари угаяш



Кормандони милитсия марди 59-сола, миллаташ рус, сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин мард рӯзи 25 апрел дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо падари угаяш, марди 78-сола, муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

spot_imgspot_img

Популярное