Сохтмони аквапарки Душанбе идома меёбад

Сохтмони аквапарки Душанбе, рӯ ба рӯи Боғи ҳайвоноти шаҳр дубора аз сар гирифта шуд. Сардори Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории Душанбе Нодир Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои идомаи сохтмони иншооти мазкур имсол аз буҷети шаҳр ҷудо гардидани ҳудуди 28 млн. сомонӣ воситаҳо ба нақша гирифта шудааст. Бино ба гуфти манбаъ, […]

asia+, asia+



Сохтмони аквапарки Душанбе, рӯ ба рӯи Боғи ҳайвоноти шаҳр дубора аз сар гирифта шуд.

Сардори Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории Душанбе Нодир Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои идомаи сохтмони иншооти мазкур имсол аз буҷети шаҳр ҷудо гардидани ҳудуди 28 млн. сомонӣ воситаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гуфти манбаъ, корҳои сохтмон дар иншоотро асосан ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ба иҷро расонида, расонидани таҷҳизоту аттраксионҳо ва ҷамъу насби онро яке аз ширкатҳои итолиёвӣ ба уда гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки бунёди аквапарки пойтахт ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби ширкати туркии «Эмек Прожект Лимитед Ширкати» оғоз гардида, вале ширкат уҳдадориҳои худро оид ба сохтмони иншоот ба иҷро нарасонид.

Пас аз 5 моҳи имзои қарор ширкати туркӣ бо ишора ба ҳолати ғайримунтазира корҳои сохтмонро қатъ намуд. Моҳи феврали соли 2003, замони имзои қарордод ширкат ният дошт, ки масолеҳи сохтмонро аз Русия харидорӣ намояд, вале моҳи дигар нархи онҳо 200% боло рафта, он сабаби қатъи корҳои сохтмонӣ шуд.

Аквапарк яке аз таркибҳои маҷмааи «Пойтахт-80» мебошад, ки ифтитоҳи он бояд 15-уми ноябри соли 2004 доир мегардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.