Эҳтимоли афзоиши сармояи оинномавии ҶСК «НБО Роғун»

Санаи 27 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»  доир мегардад. Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин ҷаласа баррасии 9 масъала, аз ҷумла масъалаи афзудани ҳаҷми сармояи оинноваии Ҷамъият дар назар аст. Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Маҷлиси умумии солонаи […]



Санаи 27 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»  доир мегардад.

Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин ҷаласа баррасии 9 масъала, аз ҷумла масъалаи афзудани ҳаҷми сармояи оинноваии Ҷамъият дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият аз 12 млрд. то 14 млрд. сомонӣ зиёд карда шуда буд.

Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Оинномаи ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ шуда, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2015, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2014-2015 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015 низ шунида мешаванд.

Дар маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи ҳисоби Ҷамъият интихоб карда мешаванд. Дар фарҷоми маҷлис саҳҳомони Ҷамъият қарори баргузории санҷиш (аудит)-и Ҷамъият дар соли 2016 ва ҳаҷми маблағи пардохти хизматгузориҳои аудиторро тасдиқ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он

22 майи соли гузашта

баргузор гардид.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Шумори мушаххаси саҳҳмони ҶСК «НБО Роғун» алҳол ифшо намешавад.

Маъракаи фурӯши кушоди саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» баъди он оғоз гардид, ки Тоҷикистон барои маблағгузории идомаи сохтмони он сармоягузор пайдо накард. Маблағи умуми сармоягузорӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ – 2,2 млрд. доллари ИМА ва навбати аввали он – 590 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун аз соли 2009 чандин маротиба ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд ва имрӯз ҳам маълум нест, ки он кай мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар сурати амалисозии лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Роғун» – 3600 МВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи он – 13,1 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.