Расидагии Омбудсмен ба қазияи марги сарбоз дар Рашт

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели марги сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Қурбонмадовро, ки ба гуфтаи хешонаш бар асари лату кӯб фавтидааст, мавриди санҷиш қарор додааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Омбудсмен, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста  ба  ҳодисаи марги сарбози қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати […]

ASIA-Plus



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели марги сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Қурбонмадовро, ки ба гуфтаи хешонаш бар асари лату кӯб фавтидааст, мавриди санҷиш қарор додааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Омбудсмен, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста  ба  ҳодисаи марги сарбози қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Қурбонмадов бо Прокурори Ҳарбии гарнизони минтақаи Рашт полковник Собирзода Идибег дар тамос шуда, маълум шудааст, ки тибқи санҷиши пешакӣ Қурбонмадов Б. аз  сактаи дил вафот кардааст.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол оид ба  қазияи мазкур санҷиши прокурорӣ давом дошат, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   рафти тафтишоти қазияи мазкурро зери назорат гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20 апрел Радиои Озодӣ дар ин робита

иттилоъ дода буд

, ки ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.