6,3 млн. $ даромади «Барқи тоҷик» аз фурӯши барқ ба Афғонистон

Соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми умумии беш аз 169 млн. киловатт-соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз рӯи даромад ба нишондиҳандаи соли гузашта баробар аст, зеро нарх дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст. Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]

ASIA-Plus



Соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми умумии беш аз 169 млн. киловатт-соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз рӯи даромад ба нишондиҳандаи соли гузашта баробар аст, зеро нарх дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ин ҳаҷми фурӯши барқ ба Афғонистон дар семоҳаи аввали соли 2016 ширкати «Барқи тоҷик» 6.3 млн. доллари ИМА даромад ба даст овардааст.

Мутобиқи созиши ҳосилшуда миёни идораҳои барқи ҳарду кишвар, арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 3,2 сент барои 1 киловатт-соатро ташкил медиҳад. Ҳамчунин мебояд гуфт, ба ҷуз Афғонистон, мавсими тобистон барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ содирот мешавад.

Қаблан нимаи моҳи март ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба роҳбари Холдинги миллии энергетикии ин кишвар Ойбек Калиев

хабар дода буданд

, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод намудааст, ки соли равон нерӯи барқашро ба нархи 3,2 сент барои 1 кВт/соат харидорӣ кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.