6,3 млн. $ даромади «Барқи тоҷик» аз фурӯши барқ ба Афғонистон



Соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми умумии беш аз 169 млн. киловатт-соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз рӯи даромад ба нишондиҳандаи соли гузашта баробар аст, зеро нарх дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ин ҳаҷми фурӯши барқ ба Афғонистон дар семоҳаи аввали соли 2016 ширкати «Барқи тоҷик» 6.3 млн. доллари ИМА даромад ба даст овардааст.

Мутобиқи созиши ҳосилшуда миёни идораҳои барқи ҳарду кишвар, арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 3,2 сент барои 1 киловатт-соатро ташкил медиҳад. Ҳамчунин мебояд гуфт, ба ҷуз Афғонистон, мавсими тобистон барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ содирот мешавад.

Қаблан нимаи моҳи март ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба роҳбари Холдинги миллии энергетикии ин кишвар Ойбек Калиев

хабар дода буданд

, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод намудааст, ки соли равон нерӯи барқашро ба нархи 3,2 сент барои 1 кВт/соат харидорӣ кунад.

spot_imgspot_img

Популярное