Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 25 апрел ҳайати роҳбарикунандаи ҶДММ «Корхонаи муштараки Зарафшон» таҳти роҳбарии раиси Шӯрои назоратии ҷамъият Сю Чаоянро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили рафти иҷрои нақшаву лоиҳаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид шуд, ки тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхонаи мазкур дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии корхонаҳои бахши маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон 36,3%-ро ташкил додааст.
Дар мулоқот атрофи масъалаҳои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кор, муҳайё сохтани имконоти муосири баҳри фаъолияти коргарон ва ҳамчунин тақвияти тадбирҳои сармоягузорӣ табодули назар сурат гирифт.





