Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Афғонистону Таиланд

Рӯзи 25 апрели соли 2016 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзӯ баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд. Гуфта мешавад, […]



Рӯзи 25 апрели соли 2016 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзӯ баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов ҳайати Подшоҳии Таиландро бо роҳбарии намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии он кишвар Чалермпол Тҳанчитт ба ҳузур пазируфт.

Зикр мегардад, ки дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, оид ба таҳкими ҳамкориҳо ва пешбурди ташаббусҳои ҳамдигар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.