Гумонбарии тоҷикон дар қатли топ-менеҷери корхонаи бахши мудофиаи Русия

Дар шаҳри Перми Русия 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли мудири тиҷоратӣ (топ-менеҷер)-и корхонаи бахши мудофиаи Русия – ҶП «Кирас» Юрий Чубаев боздошт шудаанд. Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Перм, рӯзи 24 апрел ҷасади Юрий Чубарев бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва зарбаҳои корд дар манзили зисташ дарёфт шуда, ба […]



Дар шаҳри Перми Русия 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли мудири тиҷоратӣ (топ-менеҷер)-и корхонаи бахши мудофиаи Русия – ҶП «Кирас» Юрий Чубаев боздошт шудаанд.

Бино ба

маълумоти

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Перм, рӯзи 24 апрел ҷасади Юрий Чубарев бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва зарбаҳои корд дар манзили зисташ дарёфт шуда, ба гумони содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 34-солаи хориҷӣ боздошт ва айни ҳол фарзияи дар ин ҷинят даст доштани боз ду шиноси ӯ санҷида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба

иттилои

  ВАО-и маҳаллӣ, «ба гумони даст доштан дар куштор ду тоҷик боздошт шудаанд, ки ин ҷиноятро ба хотири соҳиб шудан ба смартфон ва 120 ҳазор маблағи пулӣ содир кардаанд».

Ҳамкорони марҳум ба

«В курсе.ру»

изҳор доштаанд, ки Юрий Чубаев яке аз муасссиони корхона маҳсуб ёфта, дар бунёд ва пешбурди маснӯоти нодир барои наҷоти ҳаёти одамон ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст ва ҳамчун роҳбари салоҳиятдору ташаббускор миёни ҳамкорон ва фармоишгарон обрӯву нуфузи хосса дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.