Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ»,  санаи 26 ва 27 апрели  соли ҷорӣ дар бинои Муассиса маҷлиси тантанавӣ ва «Семинари минтақавӣ оид ба низоми Шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ (PCT)»  баргузор намояд. […]



Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ»,  санаи 26 ва 27 апрели  соли ҷорӣ дар бинои Муассиса маҷлиси тантанавӣ ва «Семинари минтақавӣ оид ба низоми Шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ (PCT)»  баргузор намояд.

Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, аъзоёни Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди  соҳаи  моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтироъкорону навоварон, намояндагони патентӣ, донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишгоҳҳои олии кишвар, меҳмонон аз идораҳои патентии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ширкат менамоянд.

Мақсади асосии баргузор намудани семинар пешниҳоди маълумот дар бораи моҳияти Шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ,  яке аз низомҳои мусоидаткунандаи ҳифзи ихтироотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад.

Дар назар аст, ки дар маҷлиси тантанавии чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ» -26 апрел,   як қатор ихтироъкорону навоварон, донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишгоҳҳои олии кишвар ва кормандони Муассиса бо «Ифтихорнома»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.