Мулоқоти дабири кулли КМО бо роҳбари Кумитаи тадорукоти Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё



Дар шаҳри Саппоро (Япония) перомуни баррасии масъалаи ҷараёни омодагӣ ба Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё семинари серӯза доир гардид, ки дар он дар баробари коршиносони навъҳои зимистонаи варзиш ва дигар ҷонибҳои манфитадор, роҳбарон ва намояндагони дастаҳои кишварҳои Осиё ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ дабири кулли КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев ва директори кулли КМО ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев намояндагӣ карданд.

Дар Саппоро Баҳрулло Раҷабалиев бо раиси Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин бозиҳоро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид тарафҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни КМО Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё тавофуқ ҳосил намуданд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё соли 2017 дар шаҳри Саппорои Япония баргузор мешаванд.  

spot_imgspot_img

Популярное