Смартфони LG G5SE-и LG Electronics барои кишварҳои ИДМ

Имрӯз дар Завидовои Русия ширкати LG Electronics смартфони навтарини худ – LG G5SE ва як қатор дастгоҳҳои ҳамроҳи LG Friends-ро намоиш дод. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин LG X cam [1] ва LG X view [2] пешкаши бинандагон гардиданд, ки ҳамчунин бартариҳои зерини флагманиро гирифтаанд: LG X cam — камераи васеъформат, LG X view бошад — […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз дар Завидовои Русия ширкати LG Electronics смартфони навтарини худ – LG G5SE ва як қатор дастгоҳҳои ҳамроҳи LG Friends-ро намоиш дод.


Дар ин чорабинӣ ҳамчунин LG X cam


[1]


ва LG X view


[2]


пешкаши бинандагон гардиданд, ки ҳамчунин бартариҳои зерини флагманиро гирифтаанд: LG X cam — камераи васеъформат, LG X view бошад — дисплейи дуюм.

Бо сабаби акумулятори берунбарор ва як қатор таҷҳизоти иловагии LG Friends, смартфон метавонад ба камераи рақамӣ ё ба Hi-Fi аудиоплеер табдил дода шавад.

Илова бар ин, ширкати LG дар панели пушти LG G5SE

ду камера ҷой додааст

: якеаш бо объективи 78 дараҷаӣ ва дигараш бо объективи васеъкунҷи 135 дараҷаӣ — дар байни смартфонҳо LG ин то ба имрӯз васеътарин мебошад. Объективи васеъформати LG G5SE кунҷи бинишаш нисбат ба камераҳои дигар смартфонҳои замонавӣ наздики 1,7 бор васеътар аст, нисбати кунҷи биниши чашми одамӣ бошад 15 дараҷа васеътар аст, .


Quad HD IPS Quantum







[3]


экрани LG G5SE бо диагонали 5.3″ функсияи «Always-on Display»

[4]

, дорад, ки имкон медиҳад бе гирондани дисплейи смартфон вақт, рӯз ва хабарҳоро бинед.

Модули идорасозии камераи

LG CAM Plus







[5]


дорои тугмаҳои механикии гирондан/хомӯш кардан, зум, фото- ва видеонависӣ, LED индикатор мебошад, функсияи интуитивии блоксозии автофокус ва автоэкспозитсия дорад, ки одатан танҳо дар суратгиракҳои ҳирфаии рақамӣ ҳастанд.

Аудиоплеери LG Hi-Fi Plus дорои фановарии навин мебошад ва дар якҷоягӣ бо шӯъбаи B&O PLAY коркард шудааст. Hi-Fi дигарсози рақамӣ-аналогии (ДРА) 32-бита садои тозагиаш баландро ҳосил мекунад, ки дорои суръати 384 кГц/32 бит аст.

Камераи панорамагии

LG 360 CAM

бо ду объективи васеъкунҷи 13Мп муҷаҳҳаз шудааст, аккумулятораш 1200 мАч, хотираи даруниаш 4Гб, ҷой барои кортҳои microSD, кунҷи умумии бинишаш ба 360 дараҷа баробар, сурат ва видеои панорамагии аниқиаш баробар ба 2K мегирад.

IP-камераи часпондашудаи 8 Мп-и

LG Rolling Bot

бо роҳи Wi-Fi пайваст мешавад ва метавонад ҳамчун системаи бехатарӣ, воситаи назорати ҳайвони хонагӣ истифода шавад, ҳамчунин барои аз дур идора кардани техникаи маишии бо он мувофиқ ба кор бурда мешавад. Робот ҳамчун туб меғелад, сурат мегирад, видео менависад ва маводи гирифтаашро бо системаи пахши ҷараёнӣ ба LG G5SE мефиристад.

Дар торнамои зерин шарҳу хулосаи муфассалро хонед

http://www.lg.com/kz/press-releases/26042016pressrelease

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.