Путин Ӯзбекистонро шарики боэътимод медонад

Президенти Русия Владимир Путин Ӯзбекистонро шарики стратегӣ ва иттифоқчии боэътимоди Русия номида, изҳор дошт, ки миёни шарикон дар муомилоти молӣ бо ин кишвар Русия мақоми дуюмро дорад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кремл, В.Путин зимни мулоқоти рӯзи сешанбе бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов қайд кардааст, ки «ҳиссаи мо дар муомилоти моли хориҷии Ӯзбекистон зиёда аз […]

ASIA-Plus



Президенти Русия Владимир Путин Ӯзбекистонро шарики стратегӣ ва иттифоқчии боэътимоди Русия номида, изҳор дошт, ки миёни шарикон дар муомилоти молӣ бо ин кишвар Русия мақоми дуюмро дорад.

Бино ба иттилои

сомонаи

расмии Кремл, В.Путин зимни мулоқоти рӯзи сешанбе бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов қайд кардааст, ки «ҳиссаи мо дар муомилоти моли хориҷии Ӯзбекистон зиёда аз 17%-ро ташкил медиҳад». Зимни мулоқот сарони кишварҳо ҳамчунин рушди иқтисод ва афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, аз ҷумла ба таври назаррас болоравии ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русяиро таъкид доштаанд.

Нашрияи

«Коммерсантъ»

дар ин робита менависад, ҷонибҳо ҳамчунин масоили марбут ба нишасти сарони кишварҳои узви Созони ҳамкории Шанхайро, ки 23-24-июни дар Тошканд доир мегардад, масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мушкилоти амният дар марзи Ӯзбекистону Русия ва вазъ дар Афғонистонро низ баррасӣ кардаанд.

Тибқи маълумоти

сомонаи

расмии президенти Ӯзбекистон, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид миёни Русия ва Ӯзбекистон як қатор асноди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, маълумоти олӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба имзо расида, дар вохӯрӣ бо намояндагони ВАО В.Путин ва И.Каримов «монандӣ ва наздикии мавқеъҳои ҷонибҳо дар масъалахои баррасишуда»-ро зикр кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио