Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншоот дар Норак

Зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ иштирок карда бо буридани лентаи рамзӣ расман ба фаъолияти мактаби нав оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мактаб  бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз […]

ASIA-Plus



Зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10

дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ иштирок карда бо буридани лентаи рамзӣ расман ба фаъолияти мактаби нав оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мактаб  бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Дар ин муассисаи таълимии навбунёд 240  нафар толибилм дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда синфхонаҳои барҳавои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи замонавӣ дорад.

Сипас сарвари давлат бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии

«Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»

бевосита шинос шуд. Маҷмааи гармхонаҳои шаҳри Норак соли 1982 бунёд гардида, дар замони истиқлолият пурра мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтааст.

Масоҳати умумии Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда 12 гектар буда, асосан дар 6 гектари он, ки шаш гармхона бунёд шудааст, сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, қаламфӯри булғорӣ, карам ва кабудиҳо парвариш карда мешавад.

Дар мавсими имсола деҳқонон аз шаш гармхонаи мавҷуда ҳудуди 100 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла 69 тонна помидор, беш аз 3,5 тонна бодиринг ва 5 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ карда, бо нархи дастрас барои фурӯш ба бозор бароварданд. Соли гузашта аз ин гармхонаҳо 170 тонна помидор ва 50 тонна бодиринг ҷамъоварӣ карда шуда буд.

Дар маҳаллаи «Сари гузар» – и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти

Гимназияи давлатии рақами 1

оғоз бахшид.

Корҳои сохтмонӣ дар Гимназия бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат дар соли 2013 оғоз гардида, бо харҷи 30 миллион сомонӣ дар зарфи се сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур барои 360 ҷой пешбинӣ шуда, бо тамоми ашёи хониш таъмин гардидааст. 6 кабинети муҷаҳҳази техникӣ, 11 синфхона, китобхона, толори варзишии замонавӣ, ошхона барои 92 ҷойи нишаст ва кабинети таълимии ҳунарҳои мардумӣ ба хонандагону устодон пешкаш карда шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак

мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28-ро

дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард. Мактаби мазкур бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблағи 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст.

Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 сеошёна буда, барои 1220 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 22 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, лингофонӣ, химия, физика, математика, биология, толорҳои суруду мусиқӣ ва китобхонӣ, толори варзишӣ, маҷмааи майдончаҳои варзишии футбол бо 700 ҷойи нишаст, теннис, 2 майдони волейбол, баскетбол, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ иборат мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио