Ифтитоҳи муҳимтарин қисмати нерӯгоҳи Норак дар ҳузури президент

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-и НОБ-и «Норак» соли 2012 дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Масоҳати ҷойгиршавии дастгоҳ, ки дар солҳои аввали баистифодадиҳии ин иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, айни замон ҳамагӣ дар 0,10 сотих замин ҷойгир карда шудааст. Ба ғайр аз сарфаи масоҳати замин, инчунин ин таҷҳизот дигар афзалиятҳоро доро мебошад, ки ин аз эътимодияти баланд ва кафолати тӯлонии 25 – сола иборат аст.

Хабар дода шуд, ки Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ аз тарафи фонди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати Олмонии «Алстом» сохта шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти асосии Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ (ДТПЭ), кабелҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти системаи телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардида, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар НБО-и Норак насбу васл гардидаанд.

Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар соли 2013 бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи таксимкунандаи пӯшидаи элигазии-220 кВ дар НОБ «Норак» бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.