Пешниҳоди ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кардани Эмомалӣ Раҳмон

Арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман номзад ба дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карда шавад. Ба андешаи Ҳ.Насриддинов, ин пешниҳодро метавон тавассути парлумони Тоҷикистон бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони ҳукумат расман ба унвони мақомот оид […]

ASIA-Plus



Арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман номзад ба дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карда шавад.

Ба андешаи Ҳ.Насриддинов, ин пешниҳодро метавон тавассути парлумони Тоҷикистон бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони ҳукумат расман ба унвони мақомот оид ба мукофотонидан бо ҷоизаи Нобел ирсол намуд.

Сиёсатмадор мегӯяд, Э.Раҳмон замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари аз харитаи ҷаҳон берун рафтан таҳдид мекард, сарварии Тоҷикистонро ба дӯш гирифт. «Ман дар иҷлосияи таърихии соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ҳамчуи вакил мушоҳида карда будам, ки бисёре аз сиёсамадорони варзидаи он замон раҳабрии давлатро ба уҳда гирифтан намехостанд, вале Эмомалӣ Раҳмон бо суханони «Ман ба Тоҷикистону сулҳу созиш меорам», ин вазифаи мушкилро ба дӯш гирифт», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳ.Насриддинов.

Ӯ мутмаин аст, ки имрӯз ҳеҷ касе хизматҳои шоистаи Э.Раҳмонро дар боло бурдани обрӯву нуфузи Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳалли мушкилоти сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ инкор карда наметавонад.

«Ғайр аз ин, президент Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳонӣ дар масоили мушкилоти об, расидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон, барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ дар минтақа ва рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ташаббусҳои зиёде пешниҳод кард», – таъкид дошт Ҳ.Насриддинов.

Ба андешаи ӯ, нисбат ба президенти ИМА Барак Обама президенти Тоҷикистон бештар ба ин ҷоиза сазовор аст. «Чанд сол қабл ғайриинтизори аксари коршиносон ҷоизаи сулҳи Нобел ба президенти ИМА Барак Обама тақдим гардид. Ман ва натанҳо ман мутмаинем, ки барои барқарор крадани сулҳу субот дар кишвари худ ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Э.Раҳмон на камтар аз Б.Обама саҳм гузоштааст», – афзуд сиёсатмадор.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳикматулло Насриддинов

пешниҳод карда буд

, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти якумраи Тоҷикистон эълон карда шавад. Аввали моҳи сентябри соли 2015 ӯ ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.