Идомаи афзоиши содироти пахта аз Тоҷикистон

Афзоиши ҳаҷми содироти нахи пахта ба хориҷи кишвар, ки баъди алюминий маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, идома дорад. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 31,6 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (29,3 ҳазор тонна) 7,8% […]

ASIA-Plus



Афзоиши ҳаҷми содироти нахи пахта ба хориҷи кишвар, ки баъди алюминий маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, идома дорад.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 31,6 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (29,3 ҳазор тонна) 7,8% зиёдтар аст.

Аз ҳисоби фурӯши нахи пахта дар ин давра ширкатҳои Тоҷикистон ба маблағи 39 млн. доллари ИМА маблағ ба даст овардаанд, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-марти соли 2015 ба миқдои 1,2 млн. доллари ИМА бештар мебошад.

Харидори асосии нахи пахтаи Тоҷикистон давлати Туркия буда, он ҳамчунин ба Эрон, Русия ва даҳҳо дигар кишварҳои ҷаҳон интиқол меёбад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2015 ҳаҷми умумии содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ҳудуди 108 ҳазор тоннаро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи қариб 25% зиёдтар буд.

Соли гузашта ширкатҳои Тоҷикистон аз фурӯши нахи пахта, ки шуморашон дар маҷмӯъ 80 ададро ташкил медод, беш аз 144 млн. доллари ИМа маблағ ба даст оварданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.