Ҳамаи ТҒД таҳти назорат гирифта мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон ахири моҳи марти соли ҷорӣ дар бораи дар муҳлати 10 рӯз хабар додан оид ба дастрас шудани грантҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ қарор қабул кард. Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр мегардад, ки давлат дар доираи қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон ахири моҳи марти соли ҷорӣ дар бораи дар муҳлати 10 рӯз хабар додан оид ба дастрас шудани грантҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ қарор қабул кард.

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр мегардад, ки давлат дар доираи қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо мақсади амалисозии танзими давлатӣ ва назорати риояи қонунгузории амалкунанда, тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки бо иштироки кишварҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, субъектҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байнулмилалӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби дастрас гардидани маблағҳои ихтиёрӣ, хайрия, грант ё амвол ташкил шудаанд, муқаррар мекунад.

Ташкил ва пешбурди Феҳристро мақомоти бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – Вазорати адлияи Тоҷикистон амалӣ месозад ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, ки дар муҳлати 10 рӯз тамоми маълумот дар бораи худро пешниҳод намоянд.

Огоҳинома дар сурати бевосита ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод шудан ё ирсол гардидан тариқи почта ҳамроҳ бо мактуб бо супориши огоҳӣ дар бораи супурдани он, фиристодан тавассути факс ё расонидан бо роҳу воситаҳои дигари алоқа, ки дар мақомоти бақайдгиранда сабт мешавад, пешниҳодшуда шуморида мешавад.

Огоҳиномаи иттиҳодияи ҷамиятӣ ҳамчунин тавассути почтаи электронӣ низ пешниҳод шуда метавонад. Шакли огоҳинома ва тартиби пешниҳоди шакли электронии огоҳиномаро Вазорати адлия муайян мекунад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли 2015 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро маъқул шуморид, ки боиси сарусадоҳои зиёд миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд. Яке аз тағйироти муҳими пешниҳодшуда аз ҷониби ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудани ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявии ҷамъият маҳсуб меёфт.

Дар нишасти хабарии моҳи июли соли 2015 вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод дар мавриди

ин масъала зикр карда буд

, ки ҳадафи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни зикршуда маҳдуд кардани фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ё нақзи ҳуқуқҳои онҳо набуда, балки ошкор кардани бо кадом мақсадҳо истифода шудани грантҳои хориҷӣ аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.