Эмомалӣ Раҳмон: нерӯгоҳи Норак ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки 44 сол пеш бунёд шудааст, аз ҷумлаи иншооти муҳимму стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, манбаъи асосии равшаниву гармии хонадони мардуми кишвар ва ҳамаи иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти коргоҳу корхонаҳои саноатии мамлакат ва […]

ASIA-Plus



Зимни

суханронӣ

дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки 44 сол пеш бунёд шудааст, аз ҷумлаи иншооти муҳимму стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, манбаъи асосии равшаниву гармии хонадони мардуми кишвар ва ҳамаи иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти коргоҳу корхонаҳои саноатии мамлакат ва обёрии заминҳои корам мебошад.

Президент таъкид дошт, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин иншооти муҳим пайваста чораҷӯӣ карда истодааст. «Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои нигоҳдорӣ ва таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак қариб як миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст», – гуфт президент.

Зимнан зикр гардид, ки ҳоло корҳои омодагӣ барои таҷдиди нерӯгоҳ оғоз гардида, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа таҳия шудааст ва корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисон идома доранд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки тибқи ҳисоби пешакӣ, ҳоло нерӯгоҳ ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз дошта, барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 4,7 миллиард сомонӣ (баробар ба 600 миллион доллари амрикоӣ) сармоягузорӣ зарур аст, ки ҳоло барои дарёфти он кор бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ идома дорад.

Президент ба вазорату идорахои дахлдори кишвар супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисон корҳои омӯзишиву таҳқиқотиро ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, ҳамзамон бо ин, ба ҳукумати мамлакат зарур аст, ки якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфт ва ҷалби сармоягузорӣ чораҷӯӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак дар ду марҳала, яъне аввал ивази се агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони нерӯгоҳ ва дар марҳалаи дуюм иваз кардани шаш агрегати дигар ба нақша гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.