Афсарони сохторҳои қудратӣ даври омӯзишии сафорати ИМА-ро хатм карданд

Сафорати ИМА дар Душанбе 20 нафар афсарони алоқаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаоварро барои хатми давраи омӯзишии думоҳаи Барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии марказии ИМА табриқу таҳният намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, давраи омӯзишии мазкур зарфияти вазорату идораҳои ширкаткунандаро барои қабулу ирсоли […]

Иттилоияи расмӣ



Сафорати ИМА дар Душанбе 20 нафар афсарони алоқаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаоварро барои хатми давраи омӯзишии думоҳаи Барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии марказии ИМА табриқу таҳният намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, давраи омӯзишии мазкур зарфияти вазорату идораҳои ширкаткунандаро барои қабулу ирсоли ахборот тавассути дастгоҳи мухобиравие, ки аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи нашъаовар ба наздикӣ харид ва тақдим шудааст, баланд бардошт. Афсарони алоқа оид ба тарзи дурусти истифодаи шаклҳои гуногуни антенна барои таъмини сифати баланди ирсоли ахборот, сохтани шабакаҳои муътамади мустақил, барномасозӣ ва муоинаи техникиву насби таҷҳизоти мухобиравӣ дарс хонданд. Ҳамчунин, давраи омӯзишӣ мавзӯҳои дигари вобаста ба доираи радиобасомад, паҳншавии амвоҷи радиоӣ, тарҳрезии алоқаву ирсоли гузориш, инчунин дарсҳои амалӣ оид ба сохтани антенна барои кор дар муҳит ва баландии гуногунро низ дар бар гирифта буд.

Силсилаи давраҳои омӯзишии мазкур имконоти Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иртибот бо сохторҳояшон дар манотиқи дурдаст васеъ намуда, бо ин роҳ ба бунёди ҷабҳаи қавитару муттаҳидтар барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути кӯмакҳо бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА дастгирии шарикӣ миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор идома хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио