Тоҷике аз пули Остона худро ба поин афканданӣ шуд

Нимаи дуюми имрӯз, 27 апрел дар яке аз пулҳои пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона раҳгузарон мардеро дидаанд, ки яқинан худро ба дарё партофтанӣ будааст. Вақте бо ин мард ҳамсуҳбат мешаванд, ӯ мегӯяд, ки агар ба ӯ имкони вохӯрӣ бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистонро диҳанд, аз қасди худкушиаш даст мекашад. Намояндагони сафорати Тоҷикистон ба ҷойи […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми имрӯз, 27 апрел дар яке аз пулҳои пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона раҳгузарон мардеро дидаанд, ки яқинан худро ба дарё партофтанӣ будааст. Вақте бо ин мард ҳамсуҳбат мешаванд, ӯ мегӯяд, ки агар ба ӯ имкони вохӯрӣ бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистонро диҳанд, аз қасди худкушиаш даст мекашад.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, маълум шудааст, ки Абдулло Рӯзиеви 36-сола зодаи ноҳияи Мастчоҳ буда, бидуни пулу воситаи рӯзгузаронӣ дар шаҳри Остона қарор доштааст.

Аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки мардро ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон оварда, зимни вохӯрӣ бо сафир Назирмат Ализода ӯ чӣ гуна ба Остона омаданашро ҳикоят кардааст.

«Абдулло Рӯзиев бо қатора аз Хуҷанд ба Русия раҳсипор шуда, дар истгоҳи Казанкаи вилояти Челябинск бинобар сабаби манъи вуруд ба қаламрави Русия, аз қатора фароварда мешавад, вале бо ҳар роҳе ба Русия рафтанӣ шуда, бо дигар роҳҳо то ин кишвар расиданӣ мешавад, аммо боз аз ҷониби марзбонони рус боздошт ва аз қаламрави Русия хориҷ карда мешавад», – шарҳ доданд дар ВКХ ҶТ.

Қобили зикр аст, ки чӣ гуна ба Остона расидан ва чаро маҳз ба ин шаҳр омадани ӯ алҳол маълум нест. Айни замон масъалаи ба ватан фиристодани А.Рӯзиев ҳаллу фасл мешавад, зеро барои баргаштан ӯ маблағе надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.