Дастгоҳи нави чопии сафорати ИМА ба Медиа Алянси Тоҷикистон

Cафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳамроҳ бо ҳафтумин Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон ва Директори генералии ҳафтаномаи “Имрӯз News” Муним Оламов дар маросими расмии ба истифода додани дастгоҳи нави чопӣ, ки  барои васоити ахбори оммаи мустақил пешбинӣ шудааст, ширкат варзиданд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хариди […]

Иттилоияи расмӣ



Cафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳамроҳ бо ҳафтумин Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон ва Директори генералии ҳафтаномаи “Имрӯз News” Муним Оламов дар маросими расмии ба истифода додани дастгоҳи нави чопӣ, ки  барои васоити ахбори оммаи мустақил пешбинӣ шудааст, ширкат варзиданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хариди дастгоҳи мазкурро маблағгузорӣ намудааст.  Дувоздаҳ созмонҳои журналистӣ ва васоити ахбори омма, ки ба узвияти Медиа Алянс шомил ҳастанд, аз дастгоҳи мазкур барои чопи нашрияҳои худ истифода хоҳанд бурд.

Бо зикри он, ки 3-уми май Рӯзи ҷаҳонии  озодии матбуот таҷлил мегардад, сафир Миллард дастгирии ҳукумати ИМА аз озодии матбуотро таъкид намуда, минҷумла зикр кардааст: “Озодии баён яке аз арзишҳои асосии кишвари мо маҳсуб меёбад ва ба тарғиби он дар Тоҷикистон низ мусоидат менамоем . Умедворем, ки ин дастгоҳи чопӣ барои рушди оҷонсиҳои иттилоотии кишвар мусоидат намуда,  дастрасиро ба иттилоот беҳтар мегардонад.  Инчунин теъдоди хонандагонро  барои мутолиаи ҳаррӯзаи рӯзномаҳо  меафзояд”.

Хонум Милард қайд намуд, ки дастгоҳи чопии мазкур танҳо яке аз кӯмакҳои сершумори  бебозгаштест ки Ҳукумати ИМА ба васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳадя намудааст.

Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳида маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути кӯмакҳо ҷиҳати дастгирӣ намудани рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.