Ифтитоҳи зеристгоҳи нави барқӣ дар Норак бо иштироки президент

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар ин шаҳр иштирок мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти энергетикии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи барқии шиддати 500 кВ барои нерӯгоҳи Роғун дар назар аст. Дар ин […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар ин шаҳр иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти энергетикии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи барқии шиддати 500 кВ барои нерӯгоҳи Роғун дар назар аст.

Дар ин маросим ҳамчунин вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ва мудири тиҷоратии минтақавии GE Grid Solutions Ҷузеппе Соттеро низ ҳузур хоҳанд дошт.

Лоиҳа дар доираи гранти ҷудошудаи Бонки осиёгии рушд ба маблағи беш аз 30 млн. евро амалӣ шуда, нахустин зеристгохи барқии 500 кВ чунин навъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.